Май 24, 2022 08:40 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Террори шаҳиди мудофеи ҳарам бедуни посух нахоҳад монд

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард, террори шаҳиди воломақом, генерали мудофеи ҳарам Ҳасани Сайёдхудоӣ бедуни посух нахоҳад монд.

Душманони Ҷумҳурии Исломии Эрони бори дигар зоти шароратбори худро нишон доданд ва рӯзи якшанбе генерал Ҳасани Сайёдхудоӣ, аз мудофеъони ҳарамро дар Теҳрон бо шиллики 5 гулӯла ба шаҳодат расонданд.

Ба  гузориши ИРНА, генерал Муҳаммади Боқирӣ рӯзи душанбе бо судӯри паёме зимни табрику таслияти шаҳодати сардори мудофеи ҳарам Ҳасани Сайёдхудоӣ афзуд, террори ин шаҳиди воломақом нишонаи забунӣ ва хории муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар ва талоши мазбӯҳонаи онон дар ҷиҳати сарпӯш гузоштан ба шикастҳои муфтазаҳона баробари ҷабҳа муқовимат аст ва мутмаиннан бепосух нахоҳад монд.

Генерал Боқирӣ тасреҳ кард, бешак ин сардори шаҳид, ки умри худро бо муҷоҳидат дар дифо аз ормонҳои баланди инқилоб ва низоми исломӣ ва амният, иззату сарбаландии Эрон сипарӣ кард, барои ҳамеша улгӯи посдорони фидокор ва салаҳшӯр аст, ки дар ихлос, гумномӣ ва содазистӣ дар сипеҳри шарофату мардонагӣ авҷ мегиранд.

 

Барчасп