Май 24, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории доруии Эрону Ҳинд

Вазири беҳдошт дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва вазири беҳдошти Ҳинд бо ишора ба ҳамкориҳои ду кишвар дар таҳияи маводи аввалияи доруӣ ва тавлиди бархе доруҳо, бар афзоиши таъомулот дар ин замина таъкид карданд.

Табобат ва илми пизишкӣ дар Эрон ба ҳазорон сол қабл бармегардад ва ин масаъла дар миёни ҳамаи ҷаҳонён шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди таҳрим ва фишорҳои сиёсии ҷаҳонӣ, бо иттико ба нақши муҳими мардум бавижа ҷавонони нухба ва фаъол дар арсаҳои илмӣ ва пизишкӣ, фанновариҳои рӯзи дунё ва аз ҳама муҳимтар сохти анвоъи воксан, мавонеъро канор зада ва ба дастовардҳои хубе расидааст.

Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар ҳошияи 75-умин Маҷмаи ҷаҳонии беҳдошт дар Женева дар дидори Мансух Мандавия, вазири беҳдошти Ҳинд гуфт, Ҳинд дар ҳавзаи фанноварии иттилоот ва низ фанновариҳои пизишкӣ, дастовардҳои муносибе дорад ва Эрон аз ҳамкориҳои ду кишвар истиқбол мекунад.

Вазири беҳдошти Эрон бо ишора ба ҳамкорӣ дар ҳавзаи тибби суннатӣ ба унвони яке аз заминаҳои густариши равобити Эрону Ҳинд афзуд, ифтитоҳи маркази ҷаҳонии тибби суннатӣ дар Ҳинд бо ҳамкории Созмони ҷаҳонии беҳдошт метавонад зарфияти муносибе барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳо фароҳам оварад.

Вазири беҳдошти Ҳинд низ дар ин дидор бо баёни инки равобити Эрон ва Ҳинд ҳамвора дар сатҳи матлубе қарор дорад, изҳор кард, донишгоҳҳои ҳар ду кишвар тамоюл ба иртибототи васеътар бо якдигар доранд ва заминаи афзоиши ин равобиту ҳамкориҳои илмӣ дар ҳар ду кишвар вуҷӯд дорад.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон якшанбешаб барои ҳузур дар 75-умин Маҷмаи ҷаҳонии беҳдошти вориди Женева шуд.

Нишасти Маҷмаи ҷаҳонии беҳдошт ҳар сол бо ҳузури вазирони беҳдошти кишварҳои ҷаҳон дар мақари аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева баргузор мешавад.

 

Барчасп