Суқӯти як ҷангандаи шикорӣ дар Исфаҳони Эрон
Май 24, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
Як адад ҷангандаи шикорӣ дар ҳини омӯзиш дар шарқи Исфаҳони Эрон суқӯт кард.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадризо Ҷоннисорӣ, муовини сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии устондории Исфаҳони Эрон гуфт, маъмурияти ин ҷанганда, тирандозии тамринӣ буд, ки имрӯз (сешанбе) дар атрофи Анорак аз тавобеъи шаҳристони Нойини Исфаҳон дучори сониҳа шуд .
Ҷоннисорӣ афзуд, иллати суқӯти ин ҷанганда дар ҳоли баррасӣ аст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса халабон ва кумакхалабон ба шаҳодат расидаанд.
Барчасп