Май 24, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Сомонаи мушакии

Генерал Алиризо Сабоҳифард бо баёни инки Сомонаи мушакии "Бовар 373" ба таври комил ба чархаи амалиётии ягонҳои падофандии Эрон пайвастааст, гуфт, имрӯз афзоиши тавони разм ва муаллафаҳои омодагии дифоии нерӯи падофанд, ҷаҳише чандбаробариро тай мекунад.

Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар субҳгоҳи умумии ситоди ин нерӯ изҳор кард, сомонаҳои радарӣ монанди “Муроқиб”, “Меъроҷ 4”, “Ковуш”, “Фатҳ 14”, “Шаҳоб” ва низ сомонаҳои даргирӣ ва мушакии бурди кӯтоҳ монанди “Ҷавшан”, бурди мутавассит монанди “Талош”, “Мирсод” ва “15 хурдод”, ва ҳамчунин сомонаҳои тӯпхонаӣ, ҷанголӣ ва электронӣ ба таври комил бо тавонмандии мутахассисони дохилӣ ва коркунони фаннӣ ва мутахассиси ин нерӯ дар чархаи амалиётӣ қарор гирифтаанд.

Генерал Сабоҳифард бо баёни инки сомонаи бумии "Бовар 373" дар размоиши ахири ин неру дар масофати 152 километрӣ бо аҳдофи даргир ва амалкарди бисёр хуб ва муваффақе дошт, афзуд, озмоиши афзоиши бурди "Бовар 373" дар ояндаи наздик анҷом мешавад.

 

Барчасп