Таъкид бар аҳамияти тақвияти равобиту ҳамкориҳои минтақаӣ бо Туркия
Муовини дипломатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо муовини вазири умури хориҷаи Туркия бар аҳамияти тақвияти беш аз пеши равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар таъкид кард.
Форуқ Қаймоқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Туркия дар ҳошияи иҷлоси муовинини вузарои Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО бо Меҳдии Сафарӣ, муовини дипломатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дидор кард ва дар хусуси густариши равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои чандҷониба музокираву табодули назар кард.
Сафарӣ дар ин дидор бо ишораи рушди қобили тавваҷуҳи ҳаҷми равобити тиҷориву иқтисодии Эрону Туркия дар соли 1400 (2021), бар аҳамияти тақвияти беш аз пеши равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар таъкид ва омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои афзоиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои бонкӣ, тиҷорат, ҳамлу нақл, транзит, энержӣ, беҳдошт ва фанновариҳои навину донишбунён бо Туркияро эълом дошт.
Муовини вазири умури хориҷаи Туркия низ бо таъкид бар аҳамияти равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, маротиби омодагии Туркия барои тавсеаи равобит бо Эрон ва афзоиши ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва чандҷониба аз қабили созмони ЭКО - ро эълом дошт.
Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба тағйироти обуҳавоӣ ва хушксолӣ, бар зарурати ҳамкории кишварҳои минтақа барои ҳифозат аз муҳити зист ва мудирияти манобеи муштараки обӣ таъкид карданд.