Шамхонӣ ба Тоҷикистон меравад
(last modified Wed, 25 May 2022 11:47:38 GMT )
Май 25, 2022 16:47 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ ба Тоҷикистон меравад
    Шамхонӣ ба Тоҷикистон меравад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар нишасти гуфтугӯи амнияти минтақа ба Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунад.

Чорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақави рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин нишаст, ки бо ҳузури дабирон, мушовирон ва намояндагони ниҳодҳои амнияти миллӣ аз кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон баргузор мешавад, таҳавулоти Афғонистон мавриди баҳсу барраси қарор хоҳад гирифт.

Алии Шамхонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар ширкат дар ин нишаст бо бархе ҳамтоёни худ низ ба таври ҷудогона дидор ва пайромуни масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмиллалӣ гуфтугу хоҳоад кард.

Силсиланишастҳои гуфтугӯи амнияти минтақавӣ бо ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2018 поягузори шуд, нишастҳои аввал ва дувум ба мизбонии  Ҷумҳрии Исломии Эрон дар Теҳрон ва нишасти севвум низ ба мизбонии Ҳинд дар Деҳлии Нав баргузор шуд.