Раҳбари муаззами инқилоб: Ҷиҳод ва шаҳодат фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия аст
(last modified Wed, 25 May 2022 12:23:35 GMT )
Май 25, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҷиҳод ва шаҳодат фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия аст
    Раҳбари муаззами инқилоб: Ҷиҳод ва шаҳодат фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои ситоди кунграи бузургдошти чор ҳазор шаҳиди руҳонӣ, ҷиҳод ва шаҳодатро фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия донистанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои ситоди кунграи бузургдошти чор ҳазор шаҳиди руҳонӣ, ки дар 13 январи соли 2020 баргузор шуда буд ва имрӯз дар маҳали баргузории ин ҳамоиш дар Қум мунташир шуд, бузургдошти олимон ва руҳониёни муҷоҳид ва пешқадам дар кори хайрро иқдоми шойста хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Дар давраи дифоъи муқаддас талабаҳои ҷавон илова бар кори таблиғи ва динӣ дар сафҳои муқаддами майдони ҷанг ҳам ворид шуданд ва теъдоди зиёди аз онҳо низ ба шаҳодат расиданд.

Раҳбари муаззами инқилоб ҷиҳод ва шаҳодатро фарҳанги решадор дар ҳавзаҳои илмия донистанд ва бо баршуморидани мисдоқҳое аз олимони шаҳиди шиъа ва сунни афзуданд: Шаҳиди руҳонӣ яъне касе, ки бо ҷони худ вориди майдони даъват ба хайр мешавад ва имрӯз низ ба тақвияти ин руҳия дар байни талабаҳо ва фозилони ҷавон ниёз дорем.

Ишон Имом Хумайни(р)-ро улгуи мумтози аз илму ҷиҳод хонданд ва хотирнишон карданд он бузургавор ҳамчуноне, ки аввал муҷоҳиди даврони хеш ва балки бисёри аз давронҳо буд ва ҷиҳоди боазаматтар аз ҷиҳоди ӯ бо ин натиҷаҳо дар тули таърихи шиъа вуҷуд надорад, дар болотарин маротиби илми низ қарор дошт, ки ин нишон медиҳад вуруд дар арсаи ҷиҳод ҳеҷ мунофоте бо дониш, таҳқиқ ва тадрис надорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба анвоъи ҷиҳод аз ҷумла ҷиҳоди илмӣ, низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ афзуд: Дар ҳар яке аз арсаҳои ҷиҳод, ки авлавият ва ниёзи кишвар бошад мухотаби аввал он ки бояд бо эҳсоси масъулият вориди майдон шаванд, талабаҳо ва фозилони ҷавон ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози умедвори ба истимрори руҳия ва фарҳанги ифтихоромези ҷиҳод дар руҳоният ба дастандаркорони кунграи шуҳадои руҳонӣ тавсиф карданд дар ин бузургдоштҳо бо ҳамфикрии аҳолии фикру фарҳанг, ном, тасовир, васиятнома ва шарҳи ҳол ва мавқеъияти шуҳадои руҳонӣ таксир ва тарвиҷ шавад то имкони истифода аз мавқеъияти маънавии он бузургаворон барои ҳамгон фароҳам шавад.