Кумакҳои башардустона набояд сиёсӣ шавад
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бар ҳимояти бештар аз ғайринизомиён ва осон намудани кумакҳои башардустона дар манотиқи даргири мунозеъот гуфт: Кумакҳои башардустона набояд таҳти ҳеҷ шароити сиёсӣ шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷиди Тахтиравончи дар суханоне дар шӯрои амнияти Сомзони Милал бо мавзуъи ҳимоят аз ғайринизомиён дар душманиҳои мусалаҳона бо ишора ба осори низоҳо бар ховари миёна изҳор дошт: Низоҳо ва даргириҳои асароти вайронкунанда бар минтақаи ховаримиёна дошта аст ҷойе, ки қавонини байналмиллалии башардустона ба таври ошкор нақз мешавад.
Вай бо истинод ба гузориши Созмони милал гуфт дар Яман ҳамалоти зидди мактабҳо, беморхонаҳо, зерсохтҳои мухобироти, роҳҳо, корхонаҳо ва дигар аҳдофи ғайри низомӣ мунҷар ба ноамни ғизоӣ сахт шуда аст, ки бо афзоиши 8 дарсадии теъдоди афроди ниёзманд нисбат ба авоили соли 2021 вазъият бадтар шуда аст.
Диполмати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дод: Ба ҳамин тартиб вазъияти башардустона дар Фаластин дар натиҷаи даҳҳо ишғолгари ва сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ бадтар шуда аст.
Вай афзуд: Куштори дастаҷамъи ва системотики ғайри низомиён аз ҷумла занон ва кудакон ҳамчунон идома дорад ва сарзамини Фаластини ишғоли бештарин теъдоди маҷруҳони бахши беҳдошту дармонро дар ҷаҳон дорад.
- Тахтиравончи изҳор дошт: Дар Ғаза зерсохтҳо осиб дида аст ва фаластиниҳо ба далели муҳосираи ғайриқонунӣ аз хадамоти авалия маҳрум шуданд. Дар Сурия идомаи ишғол, терроризм ва таҳримҳои якҷониба миллионҳо нафарро овора кард, зерсохтҳои осибдида, дастрасии маҳдуд ба манобеъи ҳаёти ва тиҷорат ва арзаи маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣро мухтал карда аст.
- Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал таъкид кард ҳимоят аз ғайринизомиён дар даргириҳои мусаллаҳона як асли асосии ҳуқуқи башардустона аст. Бо ин ҳол ҷомеъаи байналмиллалӣ шоҳиди риъоят накардани қавонини байналмиллалии башардустона ва ҳамчунин набуди посухгуӣ дар муқобили нақзи шадиди он аст.
Сафири Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин ба асароти ҳамагирии бемории Ковид-19 ва тавзеъи ноодилонаи ваксинаи корона ишора кард ва изҳор дошт ҳамагирии бемории Ковид-19 ҳамчунин мардумро ташдид кард ва фишорҳои бештареро бар системаҳои муроқибатҳои беҳдошти ворид карда аст.