Интиқоди Эрон аз амалкарди Созмони милал дар баробари иқдомоти террористӣ
(last modified Sun, 27 Nov 2016 12:50:48 GMT )
Ноябр 27, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз амалкарди Созмони милал дар баробари иқдомоти террористӣ

Муовини намояндаи Эрон дар Созмони милал зимни интиқод аз сукути ин созмон дар қиболи иқдомоти террористӣ, аз Шӯрои амният хост то ба вазоифи худ дар муқобила бо терроризм қотеона амал кунад.

Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, муовини намояндаи Эрон дар Созмони милал тайи номае ба дабири кулли Созмони милал ва раиси давраии Шӯрои амният, бо ишора ба ҳамлаи террористии панҷшанбеи гузаштаи ДИИШ дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ ва шаҳодати ҷамъе аз зоирони эронӣ эълом кард, ҳамлаи террористии ДИИШ, нахустин ҷинояти террористӣ зидди зоирони эронӣ набудааст ва ин зоирон борҳо ҳадафи ҳамалоти террористҳо қарор гирифтаанд.

Деҳқонӣ ба талошу иқдомоти Эрон дар муқобила бо террористҳо, аз ҷумла гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақа ишора карду гуфт, ҳамалоти террористӣ ва иқдомоти мушобеҳ ҷони ҳазорон инсони бегуноҳро дар Сурияву Ироқ ва дигар нуқоти ҷаҳон гирифтааст, ки ин мавзӯъ масъуляти ҷомеаи ҷаҳониро дар рӯйи даст гирифтани иқдоми муассир барои аз байн бурдани террористҳо металабад.

Деҳқонӣ бо интиқод аз Созмони милал ба сабаби сукут дар баробари иқдомоти террористии ДИИШ дар минтақа таъкид кард, густариши ҷиноёти такфириҳо ҳушдоре бар зарурати поён додани ҳимояти бархе аз кишварҳо аз ин гурӯҳи террористӣ в пайвастан ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ аст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ панҷшанбеи гузашта бо инфиҷори як дастгоҳ танкери сӯхти бомбагузоришуда дар шаҳри Ҳилла, маркази вилояти Бобули Ироқ, ҳудуди 100 зоири арбаини ҳусайнӣ, аз ҷумла теъдоди зиёде аз зоирони эрониро ба шаҳодат расонд.