Азодории шаҳодати имом Содиқ (а) дар Қум ва дигар шаҳрҳои Эрони исломӣ
(last modified Fri, 27 May 2022 11:21:36 GMT )
Май 27, 2022 16:21 Asia/Dushanbe
  • Азодории шаҳодати имом Содиқ (а) дар Қум ва дигар шаҳрҳои Эрони исломӣ

Дар солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи паёмбари акрам (с), азодорон бо барпоии дастаҳои азодорӣ ва ҳаракат ба самти ҳарами ҳазрати Маъсума (с), ба синазанӣ ва сӯгворӣ пардохтанд.

Имрӯз (ҷумъа) 27 майи 2022, мусодиф бо 25 шаволи 1443, солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ, набераи паёмбари акрам (с) аст.

Шаҳрҳои Эрони исломӣ, аз ҷумла Машҳад, воқеъ дар шимолишарқи Эрон, Қум ва Теҳрон, воқеъ дар маркази Эрон низ дар рӯзи шаҳодати имом Содиқ алайҳиссалом ҳамчун шаҳрҳои дигари Эрон ғарқи сӯгу мотам аст.