Вуқуи заминларзаи 4 риштерӣ дар ҷануби Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i86408-Вуқуи_заминларзаи_4_риштерӣ_дар_ҷануби_Теҳрон
Заминларзае бо қудрати 4 риштер марзи устонҳои Теҳрон ва Қумро ларзонд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 27, 2022 20:49 Asia/Dushanbe
  • Вуқуи заминларзаи 4 риштерӣ дар ҷануби Теҳрон

Заминларзае бо қудрати 4 риштер марзи устонҳои Теҳрон ва Қумро ларзонд.

Бар асоси эъломи маркази ларзанигории Эрон, заминларзае ба бузургии 4 риштер Ҳасанободи Фашофӯяи ҷануби устони Теҳронро ларзонд.

Замони вуқуи заминларза ба вақти маҳаллӣ соати 16: 33 дақиқа ва умқи заминларза 23 километр гузориш шудааст.

То кунун гузорише аз мизони хисорат ва талафоти эҳтимолӣ эълом нашудааст.