Таҳримҳои Амрико муҷиби афзоиши талафот дар ҳавзаи саломати ҷаҳонӣ шудааст
(last modified Sat, 28 May 2022 08:12:58 GMT )
Май 28, 2022 13:12 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Амрико муҷиби афзоиши талафот дар ҳавзаи саломати ҷаҳонӣ шудааст

Вазири беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон гуфт, таҳримҳои бонкӣ ва молии яктарафаи Амрико муҷиби афзоиши талафот дар ҳавзаи саломати ҷаҳонӣ шудааст.

Баҳроми Айнуллоҳӣ дар 75-умин Маҷмаи ҷаҳонии саломат бо баёни инки ҷангҳои иқтисодӣ ва молӣ ба саломату беҳдошти ҷавомеъ осебҳои бештаре мезананд, гуфт, таҳримҳои бонкӣ ва молии яктарафаи Амрико талафоти зиёдеро дар ҳавзаи саломати ҷаҳонӣ муҷиб шудааст.

Вай афзуд, ҳамагирии Ковид 19 нишон дод, ки чигуна системаҳои саломат дар фавриятҳои ҷаҳонӣ осебпазир ҳастанд, ҳамагирӣ ва чолишҳои мутаоқиби он на танҳо як таҳдид барои саломат, балки таҳдиде барои сулҳу амният маҳсуб мешавад.

Айнуллоҳӣ бо ишора ба инки ҳокимият дар ҳавзаи саломати ҷаҳонӣ, печида ва ғайри мутамарказ буда ва натавонистааст дастрасии одилона ба воксанҳо ва ниёзҳои пизишкии дигарро таъмин кунад, таъкид кард, Созмони ҷаҳонии беҳдошт бояд ба ифои нақши тасҳилгаронаи худ дар дастрасии одилона ба воксан, тавлиди дохилии он ва худ иттикоии минтақаӣ дар ин хусус идома диҳад.

Ба гуфтаи Айнуллоҳӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замоне, ки ба шиддат таҳти таъсири ҳамагирии Ковид 19 қарор гирифта ва дастрасӣ ба воксанҳо ва таҷҳизоти пизишкӣ маҳдуд буд ва иқдомоти қаҳрии якҷонибаи Амрико муҷиби афзоиши таъсироти Ковид 19 шуда буд, тасмим ба тавлиди дохилии воксанҳо гирифт, ки боиси дастрасии одилона ба воксанҳо шуд.