Май 28, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони нахустин намоишгоҳи гардишгарии ҷаҳони Ислом
    Теҳрон мизбони нахустин намоишгоҳи гардишгарии ҷаҳони Ислом

Нахустин намоишгоҳи гардишгарии ҷаҳони Ислом "IWTE" дар маҳалли намоишгоҳи байналмиллалии шаҳри Офтоб дар Теҳрон баргузор мешавад.

Нахустин намоишгоҳи гардишгарии ҷаҳони Исломи мавсум ба " Islamic World Tourism Exhibition" бо ҳимояти Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгари ва саноати дастӣ, анҷумани синфи дафтарҳои хадамоти мусофиратии ҳавоӣ ва ҷаҳонгардии Эрон, шаҳрдории Терон, камисиони миллӣ Ойеску дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Созмони тавсеаи тиҷорати Ҷумҳурии Исломии  Эрон аз 7 то 10 июни соли ҷорӣ дар маҳаллӣ намоишгоҳи байналмиллалии шаҳри Офтоб баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба гуфтаи Озода Мустаъонӣ, дабири иҷроӣ намоишгоҳи гардишгарии ҷаҳони Ислом дар ин руйдод, фурсати нишастҳои тахассуси барои ҳамаи фаъолон аз маҷмуъаи меҳмонхонадорон, дафтарҳои хадамотӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоие, ки дар кишварҳои исломӣ фаъол ҳастанд, фароҳам мешавад то битавонандҳ дар ҷаласаҳо ва музокироти муштарак фурсатҳои тавсеаи гардишгарӣ дар кишварҳои худро табодул карда ва тақвият кунанд.

Ройзаниҳои бо Туркия, Покистон, Ироқ, Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва кишварҳои африқоӣ анҷом гирифта ва қарор аст намоишгоҳ ба сурати ғурфаҳои ихтисоси баргузор шавад.