Дидору ройзании муовини сафири Эрон дар Афғонистон бо Ҳомид Карзай
Май 29, 2022 08:57 Asia/Dushanbe
Муовини сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон бо раиси Ҷумҳурии собиқи ин кишвар дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар ин кишвар, минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Сайид Ҳасани Муртазавӣ- муовини сафири Эрон дар Афғонистон бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳӯри пешини ин кишвар дар мавриди равобити деринаву ҳасанаи миёни ду кишвар, таҳаввулоти ҷорӣ дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон баҳсу табодули назар шуд .
Ҳамчунин тарафайн ибрози умедворӣ карданд, ки бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон вазъият дар ҳамаи заминаҳо беҳбуд ёбад.
Барчасп