Май 29, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳеҷ кишваре ҷойгоҳи Тоҷикистонро барои Эрон надорад
    Ҳеҷ кишваре ҷойгоҳи Тоҷикистонро барои Эрон надорад

Раиси анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Дар миёни равобити кишварҳо бо Эрон, Тоҷикистон вазъияти комилан истисноӣ дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон, ки аввалин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои 71 то 76 дар сахтарин замонҳои ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ҳам буд мегӯяд: Эрон бародари худро дар солҳои ҷанги шаҳрванди ва дохилӣ танҳо нагузошт замоне, ки ҳатто як дипломати хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳозир набуд ва ҳама ба хотири тарс аз ҷанг ба кишварашон гурехта буданд сафорати Эрон фаъол буд ва сафир ва дипломатҳои Эрон дар он шароити сахт мардуми ҳамфарҳанг ва ҳамзабони худро ёри карданд.

Алиашрафи Муҷдатиҳи Шабистарӣ бо баёни ин ки ба унвони дипломат ба 70 кишвар сафар кард ва муддати низ ҳузур дошта аст, афзуд: Ҳеҷ кишваре ба андозаи Тоҷикистон ба Эрон наздикӣ ва вобастагӣ надорад ва иллаташ ҳам наздики аз назари нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонӣ аст.

Шабистари изҳор дошт: Тоҷикистон танҳо кишвари комилан форсӣ забон аст ва натанҳо имрӯз як кишвари комилан роҳбурди барои мо аст балки дар оянда ин ҷойгоҳи муҳим барои Эрон бо аҳамиятар ва равшантар хоҳад шуд.

Раиси анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Душманон аз робита ва наздикии ду кишвари форси забон рози набуд дар ҳамин росто ҳам ором нестанд ва мо бояд таваҷҷуҳи хос дар ин маврид дошта бошем ва тадбирҳое биандешем.

Вай ҳамчунин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эронро муҳим арзёби карду гуфт: Тоҷикон бо таваҷҷуҳ ба ин ки Сайид Иброҳими Раисӣ ба унвони раиси ҷумҳур аввалин сафари расмии худро ба Тоҷикистон анҷом дод аҳамияти зиёде барои он қоил ҳастанд.