Ноябр 27, 2016 20:30 Asia/Dushanbe
  • Таслияти реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати Имом Ҳасан (а)

Эрони исломӣ дар шаби реҳлати Паёмбари гиромии Ислом - ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ғарқи андӯҳу мотам аст.

Фардо (душанбе), 28-уми сафари соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 28-уми ноябри соли 2016-и мелодӣ солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), набераи дӯстдоштаи он ҳазрат ва писари ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) аст.

Паёмбари гиромии Ислом (с) то қабл аз реҳлатшон дар соли 11-уми ҳиҷрии қамарӣ, бо меҳрубонӣ аҳкому мабонии шариати набавиро ба шеваҳои писандидаву дар айни ҳол матину муҳкам баён карданд ва дар тарвиҷу нашри маорифи диниву ҳидояти он ба беҳтарин наҳви мумкин талош карданд.

Фардо, 28-уми сафари соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 28-уми ноябри соли 2016-и мелодӣ, рӯзе аст, ки уммати Ислом Паёмбари меҳрубон ва бузургвори хешро аз даст дод ва бо он ки беш аз 1400 сол аз он мусибати андӯҳбор мегузарад, аммо уммати Муҳаммад (с) ҳанӯз дар ин сӯг хун мегиряд ва азодор аст.

Фардо ҳамчунин солрӯзи шаҳодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), набераи расули гиромии Ислом (с) ва сайиди ҷавонони аҳли биҳишт аст, ки чиҳил сол пас аз реҳлати ҷадди бузургвори хеш ва дар синни 47 солагӣ бар асари заҳр масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Дар шабу рӯзи солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ошиқону пайравони хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар саросари Эрони исломӣ, ба вижа дар шаҳрҳои муқаддас, аз ҷумла Машҳад, шимоли шарқи Эрон ва Қум, ҷануби Теҳрон азодорӣ мекунанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом- ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.