Дидори муъовини сафорати Эрон бо вазири умури муҳоҷирини Толибон
(last modified Mon, 30 May 2022 10:31:26 GMT )
Май 30, 2022 15:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори муъовини сафорати Эрон бо вазири умури муҳоҷирини Толибон
    Дидори муъовини сафорати Эрон бо вазири умури муҳоҷирини Толибон

Муъовини сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Ҳасани Муртазавӣ пас аз дидорв Халил Раҳмон Ҳақонӣ, вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон гуфт: Шаройт дар моҳҳои ахир дар Афғонистон багунае рақам хурд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон мизбони ҷамъи зиёди аз муҳоҷирони вурудии ҷадид буда аст, ки ин мавзуъ ниёзманди ҳамоҳанги бо ҳайати ҳокимаи Афғонистонро дорад.

Муъовини сафорати Эрон дар кобул афзуд пас аз рӯи кор омадани ҳукумати ҷадид дар Афғонистон бархе мушкилоти идори барои раванди кори муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон ба вуҷуд омада аст, ки қарор шуд то ду тараф дар ҳамкории муштарак ба сӯи ҳалли ҳадиаксарии мушкилоти муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон ҳаракат кунанд.

Муъовини сафорати Эрон дар Кобул таъкид кард ҳайати Вазорати умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон барои пайгирии раванди ҳалли мушкилоти муҳоҷирони афғонистонӣ озими Теҳрон хоҳад шуд то осониҳои идори барои ҳалли ин мушкилот ба сурати муштарак тадбир ва иҷроӣ шавад.

Ҷаъми зиёди аз шаҳрвандони Афғонистон ахиран ба тарафи Эрон муҳоҷират карданд, ки зиёди онҳо ҳузури ғайриқонунӣ доранд ва акнун Вазорати корҳои дохилаи Эрон бо эҷоди тарҳи саршумори махсуси шаҳрвандони хориҷӣ дарсадади ҳал намудани бархе аз мушкилот дар ин замина баромада аст.