Май 30, 2022 19:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммади Мухбир
    Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммади Мухбир

Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Мухбир мулоқот намуд.

30 май дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ба масъалаи татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти сатҳи олии имрӯза ба имзо расид, ҳамчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳарду кишвар номида шуд.

Таъкид шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли равғани растанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.