Май 30, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммадбоқири Қолибоф
    Мулоқоти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммадбоқири Қолибоф

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф мулоқот намуд.

30 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мо идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд миёни Тоҷикистону Эрон барои ҳалли масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба муфид медонем.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мардумони дӯсту бародари ду кишварро арзишҳои волои фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиё, аз ҷумла Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.