Ҷонбохтагони Метрополи Ободон ба 34 нафар расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i86610-Ҷонбохтагони_Метрополи_Ободон_ба_34_нафар_расид
Фармондори Ободон бо эъломи шумори ҷонбохтагон эълом кард, амалиёти оворбардории бинои Метропол то ёфтани охирин фарди мафқудӣ идома хоҳад дошт.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Май 31, 2022 09:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷонбохтагони Метрополи Ободон ба 34 нафар расид
    Ҷонбохтагони Метрополи Ободон ба 34 нафар расид

Фармондори Ободон бо эъломи шумори ҷонбохтагон эълом кард, амалиёти оворбардории бинои Метропол то ёфтани охирин фарди мафқудӣ идома хоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, фармондори Ободон ва сухангӯи расмии ҳодисаи Метропол гуфт: Бо шиносоии яке дигар аз афроде, ки дар ҳодисаи резиши бинои Метропол ҷони худро аз даст доданд, шумори ҷонбохтагон ба 34 нафар расид.

Эҳсони Аббоспӯр афзуд, амалиёти оворбардории сохтумони Метропол то ёфтани охирин фарди мафқудӣ идома хоҳад дошт.

Ӯ идома дод, оворбардорӣ дар чаҳор ҷабҳа тавсеаи бештаре пайдо кардааст ва неруҳои имдодӣ дар ҳар ҷабҳа ба таври густарда дар ҳоли амалиёт ҳастанд.

Бурҷҳои дугоникии Метропол як пружаи сохтумонсозӣ дар Ободони Эрон буд. Ин ду бурҷ қарор буд бо ду пули шишаӣ дар табақоти сеюм ва шашум ба якдигар муттасил шаванд. Бурҷи шумораи ду Метропол дар 2 хурдоди 1401 (23 май 2022) , пеш аз онкӣ ба баҳрабардории комил бирасад, бар асари шикасти созае фурӯрехт.

 

Бештар бибинед: