Созмони Бурс ва Вазорати молияи Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд
Раиси Созмони бурс ва увроқи баҳодор ва вазири молияи Тоҷикистон санади ҳамкории муштарак имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ниҳодҳои нозир бар бозори сармояи ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори ба имзо расонданд.
Ин тафоҳумнома дар ҳузури раисони Ҷумҳурии ду кишвар ба имзои оқоён Маҷиди Ишқӣ, раиси Созмони бурс ва баҳодори Эрон ва Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор вазири молияи Тоҷикистон расид.
Тафоҳумномаи ҳамкори миёни Созмони бурс ва увроқи боҳодор ва Вазорати молияи Тоҷикистон бо ҳадафи густариш ва таъмиқи ҳамкории байни ду бозор, сармояҳои ҳарду тараф дар ростои таъомул ва табодули иттилоъот дар заминаи тавсеаи бозорҳои увроқи баҳодор ва фаъолиятҳои бурси мунъақид шуд.
Дар мурдодмоҳи соли гузашта низ ширкати Бурси увроқи баҳодори Теҳрон тафоҳумномаи дигареро бо Бурси увроқи баҳодори Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон (CASE) имзо карда буданд, ки барои густариши сатҳи ҳамкориҳо ниёзманди имзои тавофуқномаи байни ниҳодҳои нозири худ буданд, ки ин иттифоқ анҷом шуд аз онҷое, ки акнун бозори сармояи Тоҷикистон ниҳоди нозир надорад Вазорати молияи ин кишвар ба унвони ниҳоди нозир ба имзои ин тафоҳумнома пардохт.
Дар бахши аз ин тафоҳумнома омада аст: Тарафайн ба пуштибони аз равобити танготанг ва ҳамкори фаннии муштарак, иртиқои рақобатҳои ҷаҳонӣ, иртиқои короӣ, осон намудани табодулоти иттилоъот, дониш ва таҷрубиёти байни худ мутааҳид ҳастанд то ба таври муассир вазоифи марбути худро мутобиқ бо қонун анҷом диҳанд, ҳамчунин тарафайн бо тавофуқи дуҷониба заминаҳои гуногунро, ки дар он ҳамкори мекунанд мушахас кунанд ва бояд ниҳояти талоши худро ҷиҳати таъмини шаройт ва илзомоти ин ёдошти тафоҳум ба кор банданд.
Илова бар сандади мазбур, мақомоти аршади Эрон ва Тоҷикистон дар ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ ва Эмомалӣ Рамҳон 16 санади ҳамкории дигар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ, фановариҳои навин, муҳити зист, варзишӣ, энергетика, қазоӣ, омӯзиш ва таҳқиқоту гардишгарӣ ба имзо расонданд.