Июн 01, 2022 12:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон қавитарин кишвари минтақаи Ғарби Осиё дар ҳавзаи саломат

Вазири беҳдошти Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон қавитарин кишвари минтақаи Ғарби Осиё дар ҳавзаи беҳдошт аст.

Баҳроми Айнуллоҳӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобила бо корона аз муваффақтарин кишварҳои дунё буд, изҳор дошт, бидуни шак қавитарин кишвари минтақаи Ғарби Осиё дар ҳавзаи саломат Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки таҳримҳои зиддиэронӣ натавонист раванди муқобила бо корона дар Эронро мутаваққиф ва ё ҳатто кунд кунад, гуфт: Зарфияти ағлаби бемористонҳои Эрон дар замони ҳамагирии вируси корона такмил буд ва мо таҳти таҳрими дору ва таҷҳизоти пизишкӣ будем ва дар таърих навишта хоҳад шуд, ки низоми истикбор дар қиболи мардуми Эрон номардӣ ва ноҷавонмардӣ кард.

Айнуллоҳӣ бо ишора ба баргузории Маҷмаи ҷаҳонии беҳдошт дар Швейтсария дар ҳафтаи гузашта хотирнишон кард, дар дидорҳое, ки бо мақомоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва вузарои беҳдошти кишварҳои мухталиф доштем, ҳамаи онҳо ба азамату қудрати Ҷумҳурии исломии Эрон эътироф мекарданд.