Июн 01, 2022 13:32 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати ҳазрати Маъсума (с)

Чаҳоршанбеи аввали зилқаъдаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо аввали июни 2022, солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), духти гиромии ҳазрати Мусо бин Ҷаъфар (а) аст.

Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), ки аввали зилқаъдаи соли 173 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон кушоданд, мазҳари фазоил буданд.

Дар Эрони исломӣ рӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) рӯзи Духтар номгузорӣ шудааст.

Дар рӯзи мелоди каримаи аҳли байти исмату таҳорат (а), ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), Эрони исломӣ ғарқи шодӣ аст ва мардум бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум, ҷануби Теҳрон ва соири маконҳои мазҳабӣ, ин рӯзи фархундаро ҷашн мегиранд. Аз чаҳоршанбе, ки солрӯзи валодати ҳазрати Маъсума (с) аст то 11 июни 2022 ҳамзамон бо солрӯзи мелоди ҳазрати имом Ризо (а) Даҳаи Каромат номгузорӣ шудааст.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) -ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат (а) табрику таҳният мегӯяд.