Июн 02, 2022 19:39 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои идомадори Теҳрон-Ереван нишони умқи равобити дустона аст
    Ройзаниҳои идомадори Теҳрон-Ереван нишони умқи равобити дустона аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ройзаниҳои идомадори Теҳрон-Ереванро нишонаи аҳамият ва умқи равобити дустонаи ду кишвар тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ваген Хачатурян, раиси Ҷумҳурии Арманистон гуфт: Эрон, Арманистонро кишвари дуст ва наздик ба худ медонад ва барои ҳамсоягӣ бо ин кишвар аҳамият қоил аст.

Раисӣ сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳимоят аз тамомияти сарзамини ҳақи ҳокимияти ҳамаи кишварҳо баршуморид ва афзуд: Ҳифзи геополетики минтақа аз ҷумла марзҳои байналмиллалӣ, эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ кишварҳо ва тақвияти зерсохтҳои иртиботи байни минтақавӣ мавриди таъкид ва таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози ҳимояти Теҳрон аз густариши ҳамкориҳои ду ва чанд ҷониба дар ҳавзаҳои энергетика ва ҳамлу нақл бо Эрон гуфт: Густариши ҳамкориҳо сабаби тақвияти сулҳу субот ва равнақи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа мешавад.

Раисӣ ҳамчунин бо баёни ин ки Эрон аз пешрафт дар гуфтугӯҳои сулҳи Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳимоят мекунад ибрози умедвори кард масоили боқимонда дар ин замина бар асоси усули ҳуқуқи байналмиллалӣ ба сурати мусолематомез ва бо эҳтиром ба ҳақи ҳокимият ва тамомияти сарзаминии ду кишвар ва низ таваҷҷуҳ ба ҳуқуқ ва амнияти ҳамаи мардуми минтақаи Қафқоз ҳалуфасл шавад.

Ваген Хачатурян низ бо қадрдонӣ аз мавозеъи усуслии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳавулоти минтақа густариши таъомулот ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуд. Раиси Ҷумҳурии Арманистон афзуд: Баргузории мустамари комисионҳои муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Арманистон ва Эрон қатъан бар осон намудан дар раванди ру ба густариши равобити ду кишвар таъсиргузор хоҳад буд.

 

Барчасп