Июн 04, 2022 17:17 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи риҳлати Раҳбари кабири инқилоби исломии Эрон таслият бод

Солрӯзи риҳлати Раҳбари кабири инқилоби исломии Эрон, ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) бар умумии мардуми Эрон ва озодагони ҷаҳон таслият бод.

Солгарди иртиҳоли малакӯтии Бунёнгузори кабири инқилоби исломии Эрон, ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ва қиёми хунини 15 хурдод бар мардуми Эрону озодагони саросари ҷаҳон таслият бод.

14 хурдодмоҳи соли 1368 баёнкунандаи як рӯзи талх барои мардуми Эрони исломӣ аст, рӯзе, ки мардуми Эрон раҳбари бузург ва дурандеш ва ҳакими худро аз даст доданд.

Раҳбаре содазисту мардумӣ, ки ба унвони на танҳо як сиёсатмадор балки як олими бузурги динӣ ва як муҷоҳиди хастагинопазир, бо имону эътиқод ва озодагӣ роҳи мубориза бо беадолатӣ ва зулмро ҳамвор ва ҳукӯмати ситамшоҳиро вайрон кард; 14 хурдодмоҳ на танҳо ёдовари солрӯзи иртиҳоли ҷонсӯзи Раҳбари кабири инқилоби исломӣ аст, балки ёдовари қиёми хунини 15 хурдод аст, ки дар шаклгирии инқилоби исломӣ нақши басазое дошт.

Бо гузашти 32 сол аз риҳлати ҷонсӯзи меъмори кабири инқилоби исломӣ, ки ин низоми муқаддасро бар мабнои исломи ноби Маҳммадӣ(с) бунён ниҳоданд, ҳамвора дар ҷаҳоне, ки зулм ва беадолатӣ онро фарогирифта ва хусусан кишвари Эрони исломӣ, ки ҳар лаҳза мавриди таҳдиду ҳаҷмаҳои душманон қарор дорад, омӯзаҳои имом Хумайнӣ (раҳ) роҳгушост, ҳарчанд бовуҷуди фиқдони имоми роҳил, тадовуми андеша ва ормонҳои ноби эшон, барафроштани парчами адолат дар баробари зулм ва беадолатӣ бо имону эътиқоди росих ба баракати вуҷӯди нойиби бар ҳақи эшон мақоми узмои вилоят имом Хоманаӣ, муҳаққақ шуд ва ҳамвора табйини абъоди шахсияти имоми роҳилу сираи амалии эшон ба унвони зарурат барои ҷомеъаи имрӯз хусусан насли ҷавон дар ҷиҳати пойбанд будан ба арзишҳо ва ормонҳои инқилоби исломӣ ва мубориза бо золимон ва мустакбирони ҷаҳон аст.

 

Барчасп