Июн 05, 2022 15:55 Asia/Dushanbe
  • Понздаҳи хурдод: Оғози наҳзати бузурги исломии миллати Эрон
    Понздаҳи хурдод: Оғози наҳзати бузурги исломии миллати Эрон

Якшанбе 15-хурдод  баробар бо 5 июни соли 2022 ва мусодиф бо солрӯзи қиёми таърихии Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 1963 милодӣ аст.

Қиёми 15 хурдоди 1342 (июни 1963) нуқтаи атфи дар таърихи исломӣ ва сароғози наҳзати исломии миллати Эрон аст.

Авомили режими паҳлавӣ 15 хурдоди соли 1342 ва воқеъаи талх дар пайи суханронии ифшогаронаи Имом Хумайнӣ(р) дар мадрасаи Файзия Қум бо таъаруз ба манзили Имом Хумайнӣ(р) дар ин шаҳри муқаддас ишонро дастгир карданд.

Имом Хумайнӣ(р) дар рӯзи ошурои Ҳусайнӣ дар мадрасаи Файзияи Қум дар суханронии кубанда аз ҷинояти режими паҳлавӣ ва равобити шоҳ бо режими саҳюнистӣ парда бардоштанд.

Мардум дар шаҳрҳои мухталифи Эрон дар вокуниш ба дастгирии Имом Хумайнӣ(р) иқдом ба барпоӣ тазоҳуроти густарда зидди режими шоҳ карданд.

Дар ин эътирозот нерӯҳои саркубгар дастгҳи амниятии режим бо юриши ваҳшиёна аз ҷумла ба мадрасаи Файзияи Қум, теъдоди зиёди аз мардумро шаҳид ва маҷруҳ ва дастгир карданд.

Дар ин хезиши таърихи шуруъи руёруӣ наҳзати исломӣ дар баробари ҳукумати истибдоди режими паҳлавӣ буд ва шаройти муносиберо барои шаклгирии мабони фикри, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ инқилоби исломӣ фароҳам овард.

Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 15 хурдоди соли 1342 наҳзати сиёсӣ зидди ҳукумати истибдодии режими шоҳро вориди марҳалаи ҳасоси карданд ва дар тули беш аз як даҳҳа мутаҳамили сахтиҳои фаровони шуд аз ҷумла табъид ба хориҷ аз кишвар шуд.

Наҳзати Имом Хумайнӣ(р) аз соли 1963 оғоз шуд ва дар соли 1979 инқилоби исломии Эрон ба пирӯзи расид ва ба яқин қиёми 15 хурдод нақши инкорнопазир ва дурахшонеро дар пирӯзии ин наҳзати исломӣ ифо кард.