Ҳушдори Амирабдуллоҳиён ба бониёни қатъномаи зиддиэронӣ дар ожонс
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i86740-Ҳушдори_Амирабдуллоҳиён_ба_бониёни_қатъномаи_зиддиэронӣ_дар_ожонс
Вазири умури хориҷаи Эрон дар твитте навишт: “Агар бониёни қатъномаи зиддиэронӣ дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ равиши таҳдидро дунбол кунанд, масъули ҳамаи авоқиби он ҳастанд”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 06, 2022 04:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амирабдуллоҳиён ба бониёни қатъномаи зиддиэронӣ дар ожонс

Вазири умури хориҷаи Эрон дар твитте навишт: “Агар бониёни қатъномаи зиддиэронӣ дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ равиши таҳдидро дунбол кунанд, масъули ҳамаи авоқиби он ҳастанд”.

Қарор аст аз душанбе нишасти Шӯрои ҳуккоми ожонс баргузор шавад. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба гузориши “Рейтерс” Амрико ва се кишвари аврупоӣ пешнависи қатъномаи пешниҳодии муштараки худ ба Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомиро ироа додаву муддаӣ шудаанд, ки ҳал нашудани мавзуоти муртабит бо маводи урани пайдошуда дар сайтҳои эъломнашуда ба шиддат мояи нигаронӣ аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар остонаи нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар твитте ба гуфтугӯи телефонии ахираш бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ишора кард ва навишт: Бо Ҷозеп Боррел дар мавриди музокира барои лағви таҳримҳову чигунагии идомаи он ройзанӣ кардем.

Вай афзуд: Агар бониёни қатъномаи зиддиэронӣ дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ равиши таҳдидро дунбол кунанд, масъули ҳамаи авоқиби он ҳастанд.

Вазири хориҷаи Эрон эълом кард: Мо аз тавофуқи хуб, қавӣ ва пойдор истиқбол мекунем. Тавофуқ дар дастрас аст, агар Амрико ва се кишвари аврупоӣ воқеъбин бошанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва ба вижа Амрико дар идомаи амалиётҳои расонаӣ ва равонии худ баъд аз вақфаи музокироти Вена, ба тавҷеҳҳои мутафовите барои муқассирнамоии Эрон ба ҷойи амал ба тааҳҳудоташон ҷиҳати эҳёи БарҶом мутавассил шудаанд.