Июн 06, 2022 15:51 Asia/Dushanbe
  • Даҳаи Каромат: Бузургдошти Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ (а)

Душанбе, шашуми зилқаъда, баробар бо 16 хурдод рӯзи бузургдошти ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ (а), фарзанди имом Мӯсо Козим (а) дар тақвими миллии Эрон номгузорӣ шудааст.

Оромгоҳи ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ (а), писари имом Мӯсо Козим (а) ва бародари имом Ризо (а) дар шаҳри Шероз қарор дорад.

Рӯзи бузургдошти ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ дар айёми Даҳаи Каромат қарор дорад. Даҳаи Каромат бо валодати ҳазрати Маъсума (с) оғоз мешавад ва бо бузургдошти ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ (а) идома меёбад ва дар ниҳоят бо солрӯзи валодати имом Ризо (а) ба поён мерасад.

Барномаҳои мухталифе ҳамзамон бо рӯзи бузургдошти ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ (а) дар оромгоҳи эшон баргузор мешавад.

Оромгоҳи ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо Шоҳчароғ (а) макони муҳими мазҳабӣ ва зиёратӣ дар Шероз аст ва як зарфияти фаъол дар заминаи гардишгарии зиёратӣ маҳсуб мешавад. Гардишгарону зоироне ҳам аз кишварҳои мухталифи арабӣ ба ин макони мазҳабӣ дар Шероз сафар мекунанд.