Ноябр 28, 2016 20:05 Asia/Dushanbe
  • Раводид байни гардишгарони Эрон ва Русия лағв шуд

Теҳрон ва Маскав раводиди дуҷонибаи гардишгариро лағв карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, визаи Эрон ва Русия аз соли ояндаи мелодӣ барои гардишгарон лағв шуд.

Евгений Иванов, раиси бахши консулии Вазорати хориҷаи Русия гуфт, бар асоси тавофуқи ҷадид, гурӯҳҳои гардишгарии 5 то 50 нафара барои 15 рӯз иқомат, ниёз ба виза нахоҳанд дошт.

Русия пештар ин тавофуқро бо Чин амалӣ карда буд.

Ҳузури гардишгарони эронӣ дар Русия бо роҳандозии парвозҳои мустақим ба Санкт-Петербург, Маскав ва Сочи то 70 дарсад афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп