Июн 07, 2022 09:25 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 2 дарсадии илми ҷаҳон дар Эрон

Вазири улӯм, таҳқиқот ва фанноварии Эрон эълом кард, 2 дарсади илми ҷаҳон дар Эрон тавлид мешавад.

Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, пешрафтҳои чашмгиреро дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла илмӣ касб кардааст.

Пешрафтҳои илмӣ ва технологӣ, Эронро дар минтақаи ғарби Осиё саромад кардааст ва дар ҷаҳон низ кишварҳои султагари ғарбӣ ба ин бовар расидаанд, ки бо вуҷӯди ҳамаи таҳримҳо ва душманиҳо, Эрон масири пешрафтро ба суръат тай мекунад.

Маҳммадалии Зулфигул, вазири улӯм, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории Эронпресс, гуфт, ҷамъияти Эрон як дарсади ҷамъияти кулли ҷаҳон аст, аммо тавлиди илм дар Эрон 2 дарсади ҷаҳон буда ва ин иттифоқи бисёр муҳимме аст.

Вай дар бораи ҷойгоҳи илмии Эрон дар минтақа ва ҷаҳон афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон рутбаи 15 илмии ҷаҳонро дорад ва дар байни кишварҳои минтақа ҳам дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифтааст.

Вазири улӯм, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 2021 беш аз 76 ҳазор санади илмии байналмилалӣ, мунташир кард ва Эрон аз баъди кайфии илмӣ ҷузви кишварҳои бартари ҷаҳон маҳсӯб мешавад.

Зулфигул ҳамчунин гуфт, имрӯз яке аз роҳҳои эҷоди иштиғол, таъсиси ширкатҳои донишбунён буда ва фаъолияти ин ширкатҳо бисёр муҳим аст, чун маҳсӯлот бар пояи дониш ва навоварӣ тавлид мекунад.

Вай афзуд, вақте маҳсӯле бар пояи навоварӣ ва дониши ҷадид тавлид мешаваду ширкатҳои дигар ин навовариро надоранд, маҳсӯли навоваронаи рақобатнопазир ва сабаб мешавад ин маҳсӯл дар майдони рақобат баранда бошад.

Вазири улӯм, таҳқиқоту фанноварии Эрон гуфт, афроди таҳсилкарда ва нухба дар ширкатҳои донишбунён ҳузур доранд ва ин муҳим сабаб мешавад бо дониш ва навоварии худашон кайфияти маҳсӯлотро дар майдони рақобат боло бибаранд.

Бештар бихонед:

Барчасп