Тасбити содироти нафти Эрон болои як миллион бушка дар рӯз
Вазорати нафт эълом кард, содироти нафти Эрон болои як миллион бушка дар рӯз тасбит шудааст.
Дар шароити ҷанги тамомайёри иқтисодии низоми истикбор алайҳи Эрон ва бавижа санъати нафт, фурӯшу содироти нафти Эрон таҳти шароити хос ва бо талоши кормандони санъати нафт бидуни як рӯз таътилӣ анҷом шудааст.
Баррасии омори иқтисодӣ дар ду моҳи нахусти имсол 2022 дар ҳавзаи нафт (нафту петрошимӣ) беш аз 5 / 7 миллиарддоллар арз аз маҳали фурӯш вусӯл шуда, ки нисбат ба давраи мушобеҳи порсол (2021) 3 миллиарддоллар афзоиш нишон медиҳад.
Ба гузориши рӯзномаи «Эрон», вазорати нафти Эрон бо интишори гузорише аз афзоиши 60 дарсадии даромадҳои нафтии Эрон дар моҳи марту апрели имсол нисбат ба соли қабли 2021 хабар дод.
Вазорати нафти Эрон ҳамчунин эълом кард, фурӯши нафт (нафти хом, фаровардаҳои нафтӣ, гази табиӣ ва мойеъ дар марту апрели имсол 2022 ҳудӯди 40 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли қабл (2021) будааст ва вусӯли даромадҳо низ 60 дарсад афзоиш доштааст.
Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон низ борҳо эълом кардааст, ки мизони фурӯши нафти кишвар дар давлати сездаҳум ҳудӯди 40 дарсад рушд доштааст.