Раҳбари инқилоб бар пайкари марҳум Дуъоӣ намози ҷаноза хонданд
(last modified Tue, 07 Jun 2022 14:29:07 GMT )
Июн 07, 2022 19:29 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе бо ҳузур дар канори пайкари марҳум ҳуҷатул-ислом вал муслимин Сайид Маҳмуди Дуъоӣ зимни қироати фотиҳа, бар он ёори дерини ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) намози ҷаноз хонданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим ҷамъи аз хонавода ва бастагони марҳум ҳуҷатул-исолом Дуъоӣ низ ҳузур доштанд.

Ҳуҷатул-ислом вал муслимин Сайид Маҳмуди Дуъоӣ аз муборизони қадимии наҳзат ва инқилоби исломӣ ва ҳамроҳони Имом Хумайнӣ(р) дар замони табъиди ишон дар Наҷаф буд, вай дар аввали соли 1358 ба унвони сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ интихоб шуд ва аз урдибиҳишти соли 1359 бо ҳукми ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) ба унвони сарпарасти муассисаи иттилоъот таъин шуд.

Шашдавра намояндагии Маҷлиси шӯрои исломӣ аз дигар собиқаҳои ин руҳонии фурутан ва содазист аст, ки асри якшанбе 15 хурдоди соли 1401 ба лиқоуллоҳ пайваст.

Раҳбари инқилоб рӯзи гузашта низ бо судури паёми таслият, даргузашти ҳуҷатул-ислом Сайид Маҳмуди Дуъоӣ зимни ишора ба сафо, саломати нафс, иродати амиқ ва росихи вай ба Имоми бузургаваор ва инқилоб, тафаззулоти илоҳиро барои он марҳум масъалат карданд.