Июн 08, 2022 09:05 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии валейболи Эрон дар муқобили тими миллии Чин бо натиҷаи 3 - 1 ба пирӯзӣ расид
    Тими миллии валейболи Эрон дар муқобили тими миллии Чин бо натиҷаи 3 - 1 ба пирӯзӣ расид

Тими волейболи Эрон Лигаи миллатҳоро бо пирӯзӣ муқобили Чин оғоз кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, тими миллии волейболи Эрон дар аввалин мусобиқаи худ дар чорчӯби Лигаи миллатҳои волейбол дар пойтахти Бразилия ба муқобили тими миллии Чин қарор гирифт ва бо натиҷаи 3 - 1 ба пирӯзӣ расид.

Миллипӯшони Эрон, ки бо таркибии ҷавону ҷадид дар ин рақобатҳо ба сармураббигарии Беҳрӯзи Атоӣ ҳузур доранд, сетҳои аввал, сеюм ва чаҳорумро ба тартиб бо натоиҷи 25 – 15, 25 - 22 ва 25 - 15 ба суди худ поён доданду тими Чин фақат дасти дувумро бо натиҷаи 25 - 19 пирӯз шуд.

Миллипӯшони Эрон рӯзи ҷумъа дар дуюмин мусобиқаи худ дар ҳафтаи аввали Лигаи миллатҳо баробари тими Ҳоланд қарор мегиранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп