Хуруҷи қатори мусофирбарии Табас - Язд аз рейл, 10 нафар ҷон бохтанд
Раиси Созмони имдоду наҷоти ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон аз хуруҷи қатори мусофирбарии Табас - Язд аз рейл ва эъзоми имдодгарони “Ҳилоли Аҳмар” ба маҳалли ҳодиса хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Меҳдии Валипур, раиси Созмони имдоду наҷоти ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) қатори мусофирбарии Табас - Язд дар ҳоли ҳаракат дар масири худ буд, ки дар маҳдудаи истгоҳи Мазину аз рейл хориҷ шуд ва муттаассифона то кунун 10 нафар дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд.
Алиакбари Раҳимӣ, фармондори вижаи шаҳристони Табас низ гуфт, бомдоди имрӯз чаҳор вагони қатор аз рейл хориҷ шуд ва тамомии ягонҳои имдодии “Ҳилоли Аҳмар” ва уржонс акнун дар маҳал ҳузур доранд.
Раҳимӣ гуфт, 12 нафар низ дар ин ҳодиса масдум шуданд, аммо эҳтимоли афзоиши ин омор бо тавваҷуҳ ба шиддати ҳодиса вуҷуд дорад. Шаҳристони Табас дар 270 километрии ғарби Бирҷанд, шарқи Эрон аст.
Бештар бихонед: