Июн 08, 2022 11:43 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷии ғайринафтии Эрон дар соли 1400 шамсӣ рекорди 100 миллиард доллариро ба сабт расонд
    Тиҷорати хориҷии ғайринафтии Эрон дар соли 1400 шамсӣ рекорди 100 миллиард доллариро ба сабт расонд

Саид Руҳуллоҳи Латифӣ сухангӯи гумрук эълом кард, ки тиҷорати хориҷии ғайринафтии Эрон дар 9 моҳаи давлати сездаҳум бо 127 миллион тонн коло ба ҳудӯди 84 миллиард доллар расид.

Вай дар хусӯси корномаи тиҷорати хориҷи дар давлати Раисӣ изҳор дошт: Аз 23 август 2021 ( авали шаҳривари соли 1400) тва истиқрори давлати сездаҳум то 21 майи 2022 ( поёни урдубиҳшт 1401) тиҷорати ғайри нафтии Эрон ба 126 миллиону  877 ҳазор тонн коло ба 83 миллиарду 971 миллион доллар расида, ки нисбат ба  муддати мушобеҳ дар давлати давоздаҳум 8 дарсад дар вазну 36 дарсад дар арзиш афзоиш доштааст.

Пеш аз ин Алиризои Муқаддасӣ раиси кулли гумруки Эрон эълом кард, ки тиҷорати хориҷаи ғайринафтии Эрон дар соли 1400 шамсӣ бо табодули 162 миллион тонн коло бо кишварҳои ҷаҳон, рекорди 100 миллион доллариро ба сабт расонд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 38 дарсад рушд доштааст.

Муқаддасӣ таъкид кард: Рекорди содироти кишвар дар соли 1400 шамсӣ дар ҳоле ба даст омад, ки сахтарин таҳримҳои золимона, тавассути низхоми салта алайҳи Эрон дар ин сол вазъ ва иҷро шуд, акммо ба лутфи Худо ва ҳимати ҷаҳодгаон ва фаъолони иқтисодӣ, тавлид кунандагон ва ҳамкориии дастгоҳоии муртабит бо и ҷорати хориҷӣ рекорди таърихи ба сабт расид, ки дар даҳҳаҳои ахир бесобиқа буда ва нимшон аз шикасти сиёсати таҳримҳои ҳадди аксари алайҳи Эрон дорад.

Афзоиши қобили таваҷҷӯҳи таомулоти тиҷорати ғайринафтии Эрон дар партави таваҷҷӯҳи бештар ба абъоди иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар сиёсати хориҷаи Эрон сурат гирифтааст. Ташкили муовинати дипламатии иқтисодӣ дар Вазорати хориҷаи  Ҷумҳӯрии Исломии Эрон гоми муҳиме дар ин арса маҳсуб шуда ва сабаби афзоиши таомулоти дипламатик бо кишварҳои ҳамсоя, осиёӣ ва Авра осиёӣ дар ростои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва низ афзоиши содироти Эрон ба ин кишварҳо шудааст.

Барҷаста шудани нақши дипламатии иқтисодӣ дар сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон  дар давраи раёсат ҷумҳӯрии Иброҳим Раисӣ бо таваҷҷӯҳ ба рӯйкарди ҷадид нисбат ба ҳамсоягон ва кишварҳои фароминтақа, ки мубтани бар авлавияти барқарории равобит ва муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст сурат гирифтааст.

Сиёсатӣ ҳамсоягӣ ва рӯйкарди мутавозен дар сиёсати хориҷии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон барои давлати сездаҳум буда, ки метавон онро бахши муҳиме аз сиёсати калони таомули ҳушманд бо ҷаҳон донист.

Давлати сездаҳуми сиёсати ҳамсоягиро дар аввал қарор дода ва раиси Ҷумҳӯри Эрон  аз ибтидо таомули ҳасана ва ҳамкории густарда бо ҳамсоягонро ба унвони нуқтаи марказии дипламати иқтисодии давлати сездаҳум таин кард.

Дар ин росто таъкид бар сиёсати ҳамсоягӣ ва низ густариши равобит бо кишварҳои осиёӣ ва Авра осиёӣ мубтани бар тақвияти дипламатии иқтисодӣ ва афзоиши таомулот бо ин кишварҳо ва истифода аз зарфияти онҳо дар сояи тақвияти муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ аз барномаҳои ҷидди Ҷуҳӯрии Исломии Эрон ба шумор меравад.

Омодагии Эрон ба унвони як кишвари таъсиргузор дар абъоди мухталифи иқтисодӣ, барои равнақи дипламати ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳасоягон дар ҷараёни сафарҳои мутақобили мақомоти аршад ва баргузории ҳамоиши руасои намояндагиҳои Эрон пайгир шудааст. Баҳрабардори аз зарфиятҳо ва сармоягузориҳои мавҷӯд дар ин кишварҳо ба шакли ду ва чандҷониба аз вижагиҳои сиёсати хориҷаи давлати сездаҳум аст.

Ҷавод Мансурӣ коршиноси сиёсӣ мегӯяд: Давлати сездаҳум дар сиёсати хориҷӣ, рафтори мутаъодил ва воқеъбинонае дошта ва ҳамин мавзӯъ боис шуд, ки баъзе аз давлатҳо дар рафторашон бо Эрон таҷдиди назар кунанд.

Бештар бихонед: 

 

 

 

Барчасп