Июн 10, 2022 16:32 Asia/Dushanbe
  • Такрори рӯзи бидуни фавтии коронаӣ дар Эрон: Шиносоии 153 мавриди ҷадид

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, дар 24 соати гузашта яксаду 53 бемори Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуданду хушбахтона рӯзи бидуни фавтӣ дубора такрор шуд.

Аз рӯзи гузашта то имрӯз (ҷумъа) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, яксаду 53 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 33 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, дар 24 соати гузашта барои дуюмин бор марг ба далели корона дар Эрон сабт нашуд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар адади 141 ҳазору 343 нафар собит монд.

Тибқи гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун ҳафт миллиону 57 ҳазору 938 нафар аз беморони коронаӣ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Ҳамчунин 397 нафар аз беморони мубтало ба Ковид -19 дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо таҳти муроқибат қарор доранд.

 

Барчасп