Июн 10, 2022 17:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури эҳтимолии 5 миллион эронӣ дар маросими пиёдаравии Арбаин

Ба дунболи мувофиқати вазири кишвари Ироқ бо ҳазфи виза дар сафарҳои заминии Арбаин, пешбинӣ шуда, ки панҷ миллион эронӣ дар пиёдаравии Арбаин ширкат кунанд.

20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022) Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Шумори зиёде аз мусулмонон ва пайравони адёни илоҳии дигар дар солҳои гузашта аз чанд рӯз монда ба Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), бо пиёдаравӣ аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Ироқ, худро ба марқади мутаҳҳари эшон дар Карбалои муалло мерасонданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Маҷиди Номҷӯ, ҷонишини раиси Ситоди тавсеаву бозсозии атаботи олиёт гуфт, дар ду соли гузашта зоирони эронӣ натавонистанд дар маросими Арбаини Ироқ ширкат кунанд ва соли гузашта ҳам бо вуҷуди муқаррароти корона, Арбаин бо ҳузури теъдоди маҳдуде зоир баргузор шуд.

Номҷӯ ибрози умедворӣ кард, бо лағви раводид дар Арбаини имсол ҳудуди панҷ миллион зоир ба ин маросими бошукӯҳ эъзом шаванд.

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳафтаҳои ахир ройзаниҳои густардаеро бо мақомоти Ироқ барои баргузории ҳарчӣ бошукӯҳу беҳтари Арбаини Ҳусайнӣ баргузор кардаанд.

Мавзуи ваксинатсияи зоирон, судури раводид ва имконоти баргузории маросим аз ҷумлаи мавзуъҳоест, ки дар ройзании мақомоти эрониву ироқӣ матраҳ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп