Июн 10, 2022 21:24 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи мелоди имом Ризо (а) муборак бод

Эрони исломӣ, бахусус шаҳри Машҳад дар солрӯзи мелоди имом Ризо (а) ғарқ дар нуру шодӣ аст.

Боргоҳи нуронии имом Ризо (а), аз наберагони гиромии расули мукаррами Ислом (с) дар шаҳри Машҳади муқаддас чароғонӣ аст.

Ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо Ризо (а) дар ёздаҳуми зилқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадинаи Мунаввара дида ба ҷаҳон кушод.

Номи мубораки эшон Алӣ ва машҳуртарин лақаби эшон «Ризо» ба маънои хушнуд аст.

Эшон аз чунон илму донише бархӯрдор буданд, ки ба "олими оли Муҳаммад (с)" маъруф шуданд.

Падари бузургвори имом Ризо - имом Мӯсо Козим (а) буд, ки дар соли 183 ҳ.қ. ба дасти Ҳоруни Аббосӣ ба шаҳодат расид ва модари гиромиашон Наҷма ном дошт.

Имом Ризо (а) дар Мадина пас аз шаҳодати падар ҳидояти мардумро бар ӯҳда гирифт.

Муддати имомати ҳазрати Ризо (а) ҳудуди 20 сол тӯл кашид, ки 17 соли он дар Мадина ва се соли охири он дар Хуросон гузашт.

Он ҳазрат, ки пас аз қабули иҷбории вилоятаҳдии Маъмуни Аббосӣ ба ночор се соли охири умри худро дар Хуросон гузаронд, дар 55 солагӣ ба дастури Маъмун ба шаҳодат расид.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имом Ризо (а) -ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти паёмбар (с) ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Барчасп