Июн 11, 2022 09:10 Asia/Dushanbe

Ба муносибати фаро расидани солрӯзи вилодати имом Ризо (а), ҳарами мутаҳҳари набераи Паёмбари ислом (с) дар Машҳад, бо ҳузури ходимону зоирон гулороӣ шудааст.

Имрӯз (шанбе) 11 зилқаъдаи 1443 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 11 июни соли 2022 милодӣ, солрӯзи вилодати ҳазрати имом Ризо (а) аст.

Ба ҳамин муносибат, беш аз 300 ҳазор шохаи гули эҳдоӣ аз тавлидкунандагони гул дар саросари Эрон барои гулорои ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) истифода шудааст.

Имсол маросими гулороии ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад бо ҳузури зоирону ходимон гулороӣ баргузор шуд.

Бо беҳбуди вазъияти коронаӣ дар Эрон, маҳдӯдиятҳо дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ба ҳаддиақал расида ва имкони зиёрати зоирони ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) фароҳам шудааст. Тавзеъи ниқобу риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ ҳамчунон дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад бо ҳадафи муқобила бо бемории корона анҷом мешавад.

Парчами гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) ҳам дар солрӯзи вилодати эшон таъвиз мешавад.

 

Барчасп