Қатъномаи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ шитобзада ва сиёсӣ аст
(last modified Sun, 12 Jun 2022 03:31:16 GMT )
Июн 12, 2022 08:31 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ шитобзада ва сиёсӣ аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрони иқдоми Амрико ва се кишвари аврупоӣ дар ироаи қатънома ба Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомиро рафтори шитобзада ва сиёсӣ хонд.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико ва сегонаи Аврупо ( Олмон, Британия ва Фаронса ) алайҳи Эрон чаҳоршанбеи гузашта ба рағми мухолифати ҷиддии Чину Русия дар нишасти фаслии Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба тасвиб расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон ва Антонио Гутерриш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи бархе таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ телефонӣ гуфтугу  ва табодули назар карданд .
Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон бо ибрози ҳимоят аз тадовуми оташбас дар Яман бар зарурати рафъи комили муҳосираи инсонӣ таъкид кард ва онро бистари муносибе барои оғози гуфтугуҳои бештари гуруҳҳои яманӣ донист .
Амирабдуллоҳиён бо ишора ба муколамаи рӯзи гузаштаи худ бо ҳамтои сурӣ, тадовуми таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия ва ҳамлаи низомӣ ба фурудгоҳи ғайринизомии Димишқро нақзи фоҳиши усули маншури Миллали Муттаҳид донист ва афзуд : Шароити минтақа исбот кардааст, ки оташафрӯзии режими саҳюнистӣ алайҳи амнияту суботи минтақа ба худаш бар хоҳад гашт .
Антонио Гутерриш дар ин гуфтугуи телефонӣ бар аҳамияти идомаи гуфтугуҳои Вена таъкид карда ва дипломосиро беҳтарин масири ҳалли ихтилофот байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва бархе дигар аз тарафҳои музокироти Барҷом донист .
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин қатъномаи ахири Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар мавриди Эронро сирфан дорои муҳтавои тавсияӣ хонд ва бар аҳамияти тадовуми музокирот таъкид кард .
Ҳамчунин вай дар ин гуфтугу дар хусӯси буҳрони Яман аз талошҳову мавозиъи созандаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз тадовуми оташбас қадрдонӣ кард .
Гутерриш нишасти Остона дар хусӯси Сурияро заминаи муносибе барои расидагӣ ба ин буҳрон ва рафъи нигарониҳои эҳтимолӣ миёни Сурия ва Туркия донист .