Июн 12, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии муқтадиронаи тими миллии волейболи Эрон муқобили Австралия

Тими миллии волейболи Эрон муваффақ шуд Австралияро дар чорчуби мусобиқоти Лигаи миллатҳои волейбол бо натиҷаи се бар як шикаст диҳад .

Дар чорчуби мусобиқоти Лигаи миллатҳои волейболи 2022, тими миллии волейболи Эрон рӯзи  якшанбе дар сеюмин дидори худ дар ин мусобиқот ба масофи Австралия рафт ва муваффақ шуд бо натиҷаи се бар як ҳарифи худро шикаст диҳад . Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, миллипӯшони волейболи Эрон дастҳои аввалу дувумро бо натоиҷи 25 бар 14 ва 25 бар 22 пирӯз шуданд, аммо дар дасти сеюм бо натиҷаи 25 бар 18 мағлуб шуданд .
Дар ниҳоят шогирдони Беҳрузи Атоӣ тавонистанд дар дастҳои чаҳорум бо натиҷаи муқтадиронаи 25 бар 15 пирӯз шаванд, то бозӣ бо натиҷаи се бар як ба поён бирасад . Миллипӯшони Эрон дар чаҳорумин дидор дар лигаи миллатҳо имшаб аз 20 : 30 дақиқа ( ба вақти Теҳрон ) ба масофи Ҷопон хоҳанд рафт . Тими миллии волейболи Эрон дар рақобати аввал аз ҳамин мусобиқот се бар сифр муқобили Чин ба пирӯзӣ расид ва дар бозии дувуми муқобили Ҳоланд се бар сифр мағлуб шуд .

 

Барчасп