Июн 12, 2022 11:47 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Баргузории Ҳаҷҷи ваҳдатбахш ва боиззат мавриди таъкиди Ҷумҳурии исломии Эрон аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар остонаи сафари маънавии Ҳаҷҷи таматтуъ ва эъзоми зоирони эронии Байтуллоҳил-ҳаром гуфт : Баргузории ҳаҷҷи эман, ором, ваҳдатбахш ва боиззат мавриди таъкиди Ҷумҳурии исломии Эрон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар тветте навишт : Бо талоши бардавоми Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон ва ҳамкории соири ниҳодҳо фаризаи илоҳии маносики ҳаҷ барои мардум амалӣ шуд ва имсол ҳуҷҷоҷи Эрон барои ташарруф ба Байтуллоҳил-ҳаром  ва зиёрати марқади Паёмбари аъзам ( с ) ва Бақеъ омода мешаванд. Ба гузориши ИРНА нахустин парвозҳои зоирони хонаи Худо ба сарзамини ваҳйи, субҳи ( якшанбе ) аз фурудгоҳи Кирмон ва терминали Саломи фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон анҷом шуд . Дар маҷмӯъ бо 48 парвоз барои анҷоми ҳаҷҷи таматтуъи имсол 11 ҳазору 300 зоири Эронӣ аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ба сарзамини ваҳйи азимат мекунанд . Амалиёти рафти зоирони эронӣ имрӯз оғоз ва 3 июл ба поён мерасад.