Тарҳи саршумории шаҳрвандони афғонӣ тамдид намешавад
(last modified Sun, 12 Jun 2022 11:05:20 GMT )
Июн 12, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
  •  Тарҳи саршумории шаҳрвандони афғонӣ тамдид намешавад
     Тарҳи саршумории шаҳрвандони афғонӣ тамдид намешавад

Вазорати кишвари Эрон эълом кард: Тарҳи саршумории шаҳрвандони афғонии муқими Эрон тамдид намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон идораи кулли умури шаҳрванди ва муҳоҷирини хориҷии Вазорати кишвари Эрон дар баёнияе таъкид кард: Тарҳи саршумории шаҳрвандони афғонии фоқиди мадраки шиносоӣ иқомат тамдид нахоҳад шуд ва афроде, ки дар ин тарҳ ширкат накунанд, бар асоси қонун ихороҷ хоҳанд шуд.

Дар ин баёния омда аст, ки охирин фурсати сабтиноми тарҳи саршумори дар дафтарҳои хадамоти иқомат ва иштиғоли шаҳрвандони хориҷӣ ва пешхони давлат то таърихи 22 июн мебошад ва пас аз таърихи зикр шуда ба ҳеҷ унвон тамдид нахоҳад шуд.

Ин баёния меафзояд: Афроде, ки дар замони таъйин шуда дар тарҳи саршумори ширкат накунад ғайри муҷоз талқи шуда ва илова бар ин ҳеҷгуна хадамоте дарёфт намекунанд, иқоматашон дар Эрон ғайри қонуни буда ва бар асоси қонун ихроҷ хоҳанд шуд.

Барои шаҳрвандони афғонӣ, ки дар саршумори ширкат мекунанд иқомати 6 моҳа содир мешавад аммо дар ҳоли ҳозир бо баргаи саршумори ва ё бозшумори имкони ифтитоҳи ҳисобид бонки, дарёфти корти кор ва ё анҷоми умури дигари идори вуҷуд надорад.

Ҳамчунин мусофирати шаҳрвандони афғонӣ бо баргаи саршумори аз як устон ба устони дигар ғайриқонуни аст ва афрод дар сурати дастгир шудан тавассути полис аз марз ихроҷ хоҳанд шуд.