Иқдом ба терор нишонаи хорӣ ва нотавонии душманони низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст
Июн 12, 2022 16:20 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо хонаводаи шаҳид Саёди Худоӣ таъкид кард: Иқдоми ноҷавонмардонаи душманон, дар терори ин шаҳид нишонаи хорӣ ва нотавонии бадхоҳони низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузур дар манзиши шаҳид Ҳасани Саёди Худоӣ зимни дидор ва гуфтугӯ бо хонаводаи ин шаҳид аз Худованди мутаъол барои шаҳид Саёди Худоӣ талаби резвони Илоҳӣ ва барои ҳамсар ва фарзандон ва дигар бозмондагони вай сабру саломати масалат кард.
- Раиси Ҷумҳур дар ин дидор гуфт: Шаҳид Саёди Худоӣ аз имтиҳони худ сарбаланд ва сарафроз берун омад ва то лаҳзаи шаҳодат дар сангари дифоъ аз инқилоб ва низоми исломӣ ва арзишҳо ҷонфишонӣ кард.
- Раисӣ насиби душманон ва бадхоҳони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин шаҳодатро лаън ва нифрини абади донист ва афзуд: Ин ки душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷой руёруӣ дар майдони набард ингуна ноҷавонмардона иқдом ба терор мекунанд нишонаи хори ва нотавонӣ онҳо ва пирӯзи ва қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Раиси Ҷумҳур таъкид кард: Шаҳодат парчаме аст, то абад барафрошта хоҳад монд.
Барчасп