Рушди 89 дарсадии содироти Эрон ба Туркманистон
(last modified Tue, 14 Jun 2022 05:19:12 GMT )
Июн 14, 2022 10:19 Asia/Dushanbe
  • Рушди 89 дарсадии содироти Эрон ба Туркманистон

Сухангуи гумруки Эрон аз рушди 89 дарсадии содироти Эрон ба Туркманистон хабар дод.

Саидруҳуллоҳи Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт, дар 9 моҳи гузашта тиҷорати ғайри нафтии Эрон ба Туркманистон, як миллиону 14 ҳазору 474 тон коло ба арзиши 299 миллиону 728 ҳазору 535 доллар буд, ки дар муқоиса бо давраи замонии мушобеҳ бо рушди 22.4 дарсадӣ дар вазн ва 79.4 дарсадӣ дар арзиши колоҳои мубодила шуда ҳамроҳ будааст.

Вай афзуд, саҳми содироти колоҳои эронӣ аз ин мизони тиҷорати ғайринафтӣ 987 ҳазору 755 тон ба арзиши 276 миллиону 637 ҳазор доллар буд, ки нисбат ба муддати мушобеҳ рушди 16 дарсадӣ дар вазн ва 89 дарсадӣ дар арзиш доштааст.

Латифӣ дар хусӯси саҳми воридоти Эрон аз Туркманистон низ гуфт, воридоти 9 моҳаи гузаштаи Эрон аз Туркманистон низ 35 ҳазору 719 тон коло ба арзиши 23 миллиону 91 ҳазору 486 доллар буд, ки бар хилофи коҳиши 38 дарсадӣ дар вазн, рушди 14 дарсадӣ дар арзиш доштааст.