Июн 14, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Зоҳидии Вафо сарпарасти Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ Эрон шуд
    Зоҳидии Вафо сарпарасти Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ Эрон шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳоӣ Зоҳидии Вафоро ба вазифаи сарпарасти Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ таъин кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар ҳукми бо қадрдонӣ аз талошҳо ва хадамоти Ҳуҷҷатулло Абдулмаликӣ дар давраи уҳдадории масъулияти Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ Муҳаммадҳодӣ Зоҳидии Вафоро ба унвони сарпарасти ин Вазорат таъин кард.

Ҳуҷатулло Абдулмаликӣ, вазири кор, таъовун ва рифоҳи иҷтимоъӣ Эрон рӯзи сешанбе дар номае ба раиси ҷумҳур истеъфои худро аз уҳдадории ин Вазорат эълом кард.