Тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳи улумпизишкии Машҳад бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон
(last modified Tue, 14 Jun 2022 14:35:16 GMT )
Июн 14, 2022 19:35 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳи улумпизишкии Машҳад бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон
    Тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳи улумпизишкии Машҳад бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Муъовини пажуҳиш ва фановарии донишгоҳи улумпизишкии Машҳад гуфт: Ҳамкориҳои ин донишгоҳ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои омӯзиш, пажуҳиш ва дармон тавсеа меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Маҷиди Ғаюр дар нишаст бо вазир ва масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки ба манзури тавсеа ҳамкори бо донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад баргузор шуд, гуфт: Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад омодаи ҳамкории муштарак бо донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон дар ду бахши зинда (бархати) ва ҳузури (омӯзиши дарсҳои риштаҳо ва тахасусҳои пизишкӣ махсуси устодҳо ва донишҷуёни тоҷикистонӣ) аст.

Вай таъкид кард: Донишгоҳи пизишкии Машҳад ин омодагиро дарода, ки пизишкони мутахасисро ба бемористонҳо ва шифохонаҳо дар ҳавзаҳои дармон ва ҳамчунин ёрирасонӣ дар ҳавзаҳои омӯзиш ва пажуҳиш ба кишвари дуст ва ҳамсоя Тоҷикистон, ки онро ҷузе аз Хуросони бузург медонем эъзом намояд.

Доктор Ғаюр таъкид кард: Ҳамчунин дар заминаи бемориҳои нодир дар гуруҳҳои мухталиф омодаи ҳамкории лозим бо кишвари Тоҷикистон ҳастем.

Дар бахши дигари аз ин нишаст доктор Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт: Аз ҳамкории донишгоҳи пизишкии Машҳад бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои зермаҷмуъаи он дар ин кишвар ташакур мекунем.

Вай афзуд: Мо хостори ҳузури мутахассисони тоҷикистонӣ дар Машҳад барои ширкат дар давраҳои омӯзишши кутоҳмуддат ҳастем ва дар канори он ҳузури доими аъзои ҳайати илмии донишгоҳи пизишкии Машҳад дар тахасусҳои мухталифро дар Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишӣ, пажуҳишӣ, беҳдоштӣ ва дармонӣ хоҳонем.

Вазири тандурустии Тоҷикистон бо баёни ин ки хостори тавсеаи ҳамкориҳои беш аз пеш миёни шаҳрҳои Душанбе ва Машҳад дар бахшҳои мухталифи ҳавзаи саломат ҳастем, хотирнишон кард: Донишгоҳи пизишкии Машҳад аз устодҳои барҷастаи бархурдор аст ва мехоҳем, ки бо ҳузур дар назди онҳо таҷрубаомӯзи дошта бошем.