Таъкид бар густариши равобити тиҷориву иқтисодӣ миёни Эрону Русия
(last modified Fri, 17 Jun 2022 10:58:26 GMT )
Июн 17, 2022 15:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши равобити тиҷориву иқтисодӣ миёни Эрону Русия

Дар дидори раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо дастёри раиси ҷумҳурии Русия, бар густариши равобити тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Алиризо Паймонпок, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Антон Кобяков, дастёри раиси ҷумҳурии Русия бар омодагии Эрон ҷиҳати бастани  қарордодҳои баландмуддат дар ҳавзаи мева бо ҳамкории Утоқи бозаргонии Эрону Русия, барои тасбиту тавсеаи ҳаҷми содирот таъкид кард.

Ин дидор, ки дар ҳошияи нишасти биступанҷумин Маҷмаи байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор шуд, Эрону Русия бар густариши ҳамкорӣ дар мавзуоте ҳамчун мошинсозӣ, киштиронӣ, сохти киштӣ, фаъолсозии каридори Шимол – Ҷануб, ҳамкории бонкӣ ва табодули арзиву тавлидоти муштарак таъкид карданд.

Кобяков низ аз пешниҳоди раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон мабнӣ бар баргузории намоишгоҳҳои муштарак миёни ширкатҳои эрониву русӣ истиқбол кард ва гуфт: Санъати мошинсозии Русия омода аст бо Эрон ҳамкориҳои муштарак дошта бошад ва Эрон метавонад шарики тиҷории Русия дар бозори мошин бошад.