Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия бар идомаи масири ҳамкориҳо
Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия дар тамоси телефонӣ, дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки душанбешаб анҷом шуд, аз раванди мусбати ҳамкориҳои ду кишвар, ба вижа дар заминаҳои иқтисодӣ истиқбол кард ва гуфт: “Мо умедворем дар комиссияе, ки ба зудӣ дар Теҳрон ташкил мешавад, ҳар гуна монеаи эҳтимолӣ дар раванди тавсеаи равобити Теҳрон ва Маскав, бартараф ва таҳарруки бештаре дар равобити ду кишвар, аз ҷумла осонсозии ҳамкориҳои бонкӣ ва лағви раводид эҷод шавад”.
Рӯҳонӣ бо ишора ба ҳамфикрӣ ва ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Русия дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла дар Сурия афзуд: “Роҳи ҳалли ниҳоии Сурия танҳо аз тариқи музокираи сиёсӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи миллати он кишвар қобили дастёбӣ аст”.
Владимир Путин низ дар ибтидои ин гуфтугӯи телефонӣ, бо ибрози таслияти худ ва миллати Русия бобати сониҳаи бархурди ду қатор дар Симнон, ба давлат ва миллати Эрон, ба ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ ишора кард ва гуфт: “Маскав мусаммам аст сатҳи ҳамкориҳои худ бо Теҳронро дар ҳамаи арсаҳо беш аз пеш иртиқо бахшад”.
Раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрон ва Маскав дар семоҳаи нахусти имсол афзуд, Маскав барои барномаи тавсеаи ҳамкориҳои санъатӣ ва тиҷорӣ бо Эрон арзиши болое қоил аст ва ширкатҳои бузурги русӣ, аз ҷумла дар ҳавзаи нафту газ алоқаманд ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони тиҷории худ дар Эрон ҳастанд.
Путин Эрон ва Русияро шарикони якдигар дар заминаи ҳаллу фасли буҳронҳои минтақа хонд ва бар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба то наҷоти мардуми Сурия аз дасти террористҳо таъкид кард.