Июн 18, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Талабҳои Эрон аз ин ноҳия дар гузашта ба беш аз 5 миллиард доллар ҳам мерасид
    Талабҳои Эрон аз ин ноҳия дар гузашта ба беш аз 5 миллиард доллар ҳам мерасид

Баъд аз фурӯпошии режими баъси Садом ва шаклгирии низоми сиёсии ҷадид дар Ироқ, равобити Эрон ва Ироқи ҷадид низ дар ҳама арсаҳо мутаҳавил шуд.

Ин таҳавулот ба гунае буд, ки Ироқи ҷадид ба лиҳози сиёсӣ ба муттаҳиди табиӣ Эрон ва ба лиҳози иқтисодӣ ва тиҷорӣ низ ба яке аз шуракои аввали Эрон табдил шуд ва дар дигар арсаҳо низ ба ҳамин тартиб пешрафтҳои бесобиқа ва чашмгиреро таҷрӯба кард.

Дар муқобили мухолифон ва душманони тавсиаи равобити дукишвар низ иқдомот ва монеъатарпошиҳои худро сари роҳи тавсиаи равобити Теҳрон- Бағдод густариш доданд. ва шеваҳои мухталифро ба кор гирифтанд. Яке аз ин шеваҳо ҷилавгири аз пардохти бадеҳиҳои Ироқ аз Эрон аст, ки  бахши бештари он барои хариди газ ва барқ аз Эрон аст. Бо вуҷӯди ин, ки Эрон худ низ ба ин ду энегияи бо арзиҳ ва камёб ниёз дорад аммо ба гунае барномарези мекунад, ки битавонад ба ниёзҳои Ироқ ҳам посӯх диҳад.

Талабҳои Эрон аз ин ноҳия дар гузашта ба беш аз 5 миллиард доллар ҳам мерасид, ки бахши умдаи он ба даврони Тромп ва эъмоли фишорҳои ҳаддиаксарӣ бар  Эрон бар мегашт. Баъд аз рафтани Тромп гушоишҳои нисбӣ дар ин замина эҷод шуд ва бадеҳиҳои Ироқ низ ба тарвиҷ пардохт шуд ва дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои ахир ин раванд суръат гирифт ва дар пайи сафари вазири барқи Ироқ ба Эрон тавофуқ барои мобақии бадеҳие, ки беш аз якуним миллиард долларро шомил мешавад, ҳосил шуд.

Бар рағми ин, ки монеъатарошиҳои Амрико камокон идома дорад аммо чанд омил дар эҷоди гушоиши ҷадид дар пардохтҳои Ироқ ва Эрон муасир будааст: Нахуст ин,ки баъд аз ҷанги Украина ва бӯҳрони энергии ноши аз он дар дунёи рақобат барои хариди энергия ба хусӯс дар бахшҳои газ афзоиш ёфт ва ба делели коҳиши судури гази Русия манобеӣ ҷойгузин барои ҷуброни ин халоъ ба шиддат кам шуд ва давлати Ироқ бо талош барои пардохти бадеҳиҳои худ  талош кард заминаи судури гази Эронро фароҳам бикунад ва ҳатто барои хариди бештар бикушад.

Судури рӯзонаи газ аз Эрон ба Ироқ рӯзона ба 35 то 38 миллион метри мукаъаб мерасад, дар сурате, ки Ироқ дар ҳоли ҳозир ба 50 то 55 миллион метри мукаъаб газ дар рӯз ниёз дорад ва бар ҳамин асос тавофуқ шуд, ки дар  тобистон ва дар тайи чаҳор моҳ рӯзона 50 миллион метри мукаъаб газ аз Эрон ба Ироқ содир шавад.

Аз дигар авомили муасир дар пардохти бадеҳиҳои Ироқ афзоиши даромадҳои нафтии ин кишвар аст, ки ба далели афзоиши ҷаҳонӣ баҳои нафт ва ҳамчунин ба далели афзоиши сақфи нафти содиротии ин кишвар сурат гирифтааст.

Аз дигар тараф бо вуҷӯди ин ки мухолифон ва душманон беҳбӯд ва тавсиаи равобити Эрон ва Ироқи ҷадид тайи солҳои гузашта ваъдаҳои зиёде ба Ироқ барои таъмини газ ва барқи мавриди ниёзи ин кишвар ваъда додаанд аммо бештари ин ваъдаҳо то ҳоли ҳозир муҳақақ нашудааст ва Ироқ бо таваҷҷӯҳ ба ниёзи шаддид ба барқ ва гази воридоти аз Эрон метавонад рӯйи ваъдаҳои холии мухолифон ҳисоб боз кунад.

Маҷмӯъи ин авомил сабаб шудааст, ки робитаҳои гази ва энергияи Эрон ва Ироқ алирағми монеъатарошиҳои истимрор ва вориди фози ҷадид шавад ва дар айни ҳол боби робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар соири арсаҳо боз нигаҳ дорад ва чашмандози навид бахшеро барои ҳадафгузории сурат гирифта барои иртиқои арзиши робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба арзиши 20 миллиар доллар фароҳам кунад. Ин иртиботот зимни ин ки фи нафса аз арзиш ва аҳамияти зоти барои ду тараф бархурдор аст ва ҳар ду тарафро аз мазоё ва фурсатҳои иқтисодии якдигар бархурдор ва  баҳраманд карда пуштивонаи муҳкамеро низ барои равобит ва ҳамкориҳои сиёсии ду тарафа фароҳам мекунад ва аз ин дид равобити тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии дукишвар аҳамияти музоъаф меёбад.

Бештар бихонед: 

 

 

 

Барчасп